Оё Фирдавсӣ шиа буд?
Added Date: 10/20/2012 1:07:18 PM
Bookmark and Share              Balatarin

Суннӣ нюз:  Маписанд Худоё! ки шавад ҳеҷ мусалмон  хиҷиллатзадаи туҳмати нокардагуноҳе

Аз он ҷо, ки осмони ҷаҳони ташаюъ дар тули таърих бе ситора будааст ва ҳаргиз мактаби шиа натавонистааст, шахсият ва чеҳраи илмӣ ё адабиеро ба ҷаҳон пешкаш кунад, барои пур кардани ин хало ҳамвора шиаён саъй кардаанд, ки шахсиятҳои маъруфи ҷаҳони Ислом ва ҳатто ҷаҳони масеҳият ва яҳудиятро, ки ҳеҷ гуна иртиботе ба шиа ва шиагарӣ надоштаанд, ба унвони чеҳраҳои шиа ба ҷаҳон муъаррифӣ кунад.

Яке аз аҷибтарин намунаи ин шахсияти дуздиҳо даъвои шиаён мабнӣ бар шиа шудани Майкл Ҷексон ва Энштейн буд, ки ахиран шиаён саъй карданд ин ду чеҳраи маъруфро, ки зиндагиашон барои ҳамагон возеҳу ошкор буд, ба унвони ду шахсияти шиъа муъаррифӣ намоянд.

Ҳоло аз касоне, ки шахсиятҳои маъруфи муъосирро ин гуна медузданд, чӣ гилае ҳаст агар шахсиятҳои барҷастаи Аҳли суннатро, ки қарнҳо пеш зистаанд ва барои ҷаҳони Ислом ифтихороти фаровоне касб намудаандр,о шиа муъаррифӣ намоянд?

Ҳаким Абӯлқосими Фардавсии Тӯсӣ, бузургтарин ҳамосасарои Форсу Ирон, яке аз қурбониёни бузурги ин ҷинояти шиа ҳаст, ки қарнҳост шиа кушидааст бо далоили воҳӣ ва пуч вайро аз чеҳраҳои шиа ба ҷаҳониён муъаррифӣ намояд ва мутаъассифона дар ин замина бисёр ҳам муваффақ будааст, ба сурате, ки бисёре аз андешамандони Аҳли суннатро низ дар ин маврид ба муғолата андохтаанд ва вонамуд кардаанд, ки Фирдавсӣ шиа будааст, дар ҳоле, ки воқеъият ғайр аз он чизест, ки шиа баён мекунад.

Ин як ҳақиқати ғайри қобили инкор аст, ки аҳволи зиндагии Фирдавсӣ ҳамвора дар ҳолае аз ибҳом будааст ва ҳар он чӣ дар мавриди зиндагии ӯ баён шудааст, зоидаи авҳом ва хиёлот мебошад. Ба қавли устод Муҷтабо Майнавӣ: ҳақиқати матлаб инаст, ки аз аҳволу саргузашти шахсии ӯ (Фирдавсӣ) матлаби ҳақиқии муътабари бисёр каме ба даст мо расидааст, вале дар боби ӯ миқдори зиёде қисса ва афсона дар кутуб дарҷ шудааст, ки онҳоро ба куллӣ (ё тақрибат ба куллӣ) нодида бояд гирифт. (Фирдавӣ ва шеъри ӯ).

Лизо дар мавриди мазҳаби Фирдавсӣ низ ҳар он чӣ гуфта шудааст (ки албатта назариёти мутафовите низ мебошад) бардошти муҳаққиқин аз Шоҳнома ё хаёлпардозии нависандагон аст. Аммо қабл аз ҳар гуна изҳори назаре дар мавриди ақидааш бояд ба хотир дошт, ки вай ҳамвора мусалмони муваҳҳид будааст ва ҷой ҷойи Шоҳнома гувоҳест возеҳ дар ин даъво:

Ҷаҳонро баландию пастӣ туйи

Надоанм чиӣ, ҳар чӣ ҳастӣ туйи

Ва ҳамчунин:

Ба ногуфтану гуфтан Яздон якест ва...

 Бархе Фирдавсиро шуъубӣ донистаанд. (фирқае аз мусалмонон, ки ба таҳқири шаъни Араб  ва иҳонат ба онҳон истоданд ва маншаъи ин фирқа муволиён ва баъзе аз фарзандони имоанд). (Луқатномаи Деҳхудо).

Ва иддае низ ӯро муътазилӣ гуфтаанд ва шеъри «Ба бинандагон офариндандро, набинӣ маранҷон ду бинандро»ро далели эътизолаш қарор додаанд.

Ва гуруҳе аз шарҳи ҳол нависон, вайро шиаи (рофизӣ) донистаанд, ки қавитарин далоилашон инаст, ки вай дар васфи амири мӯминон Алӣ бин Абӯтолиб ин ашъорро сурудааст:

Хирадманди гетӣ чу дарё ниҳод

Чу ҳафтод киштӣ дару сохта

Ҳама бобдонҳо барафрохта

Барангехта мавҷ аз ӯ тундбод

Миёна яке хуб киштӣ арӯст

Бар-ороста ҳамчӯ чашми хурус

Паямбар ба ду андарун бо Алӣ

Ҳама Аҳли байти Набию васӣ

Агар хулд хоҳӣ ба дигар сарой

Ба назди Набию васӣ гир ҷой

Гарат з-ин бад ояд гуноҳи ман аст

Чунин дону ин роҳ роҳи ман аст

Барин зодаму ҳам барин бигзарам

Яқин дон, ки хоки пайи Ҳайдарам

Иллати адами таваҷҷуҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба асари гаронбаҳои Фирдавсӣ шиа будани вай будааст ва мустанади ин назария «чаҳор мақолаи арузӣ» мебошад, ки дар он чунин омадааст: Пас Шоҳномаи Алӣ дилам дар ҳафт муҷаллад набишт ва Фирдавсӣ бадулуфро баргирифт ва рӯй ба ҳазрат ниҳод ба Ғазнин ва ба поймарди хоҷаи бузург Аҳмад Ҳасан Котиб арза кард ва қабул афтод ва Султон Маҳмуд аз Хоҷа мунтаҳо дошт, аммо Хоҷаи бузург мунозиъон дошт, ки пайваста хоки тахлит дар қадаҳи ҷоҳи ӯ андохтанд. Маҳмуд бо он ҷамоъат тадбир кард, ки Фирдавсиро чӣ диҳам? Гуфтанд: панҷоҳ ҳазор дирам ва ин худ бисёр бошад, ки ӯ марди рофизист ва муътазилимазҳаб. (чаҳор мақолаи арӯзӣ 81-82).

Ва аммо сухани ҳақ дар мавриди мазҳаби Фирдавсӣ ин аст, ки вай мусалмони муътақид, суннимазҳаб ва дар айни ҳол вафодор ба ватану забони хеш будааст ва низ алоқаи муфрите (беандоза) нисбат ба Оли Расул доштааст, зеро агар ҳеҷ далеле бар суннӣ будани Фирдавсӣ надошта бошем, ҳамин бас, ки ӯ тибқи ақадаи ҳаққи Аҳли суннат ва ҷамоат қоил ва муқир бар афзалияти ҳазрати Абӯбакр (р) бар амири мӯминон Алӣ (р) мебошад.

Чӣ гуфт он Худованди танзилу ваҳй

Худованди амру Худованди наҳй

Ки хуршед баъд аз расулони маҳ

Натобид бар кас зи Бубак беҳ

Умар кард Исломро ошкор

Биёрост гетӣ чун боғи баҳор

Пас аз ҳар дуйи он Усмон гузин,

Худованди шарму худованди дин

Чаҳорум Алӣ буд, ҷуфти батул

Ки ӯро ба хубӣ шояд Расул

Ки ман шаҳри илмам Алиям дараст

Дуруст ин сухан қавли Пайғамбараст

Тибқи тасреҳи Фирдавсӣ дар ин шеър вай муътақид аст баъд аз Паёмбарон Абӯбакри Сиддиқ (р) беҳтарин ва бофазалаттарин инсонҳост, ҳоло он, ки ҳеҷ шиъае (ҳатто Зайдия, ки дар бисёре аз ақоид ва аҳком бо Аҳли суннат мувофиқ аст) чунин эътиқоде надоштааст.

Маснавӣ Юсуфи Зулайхо» китоби дигари Фирдавсист, ки агар чӣ дуктур Сафо ба иллати калимоти арабии зиёде, ки дар он   ёфт мешавад, онроа аз Фирдавсӣ намедонад, вале ағлаби донишмандон ва муҳаққиқони иронӣ ва ғарбӣ, онро аз Фирдавсӣ медонад, Фирдавсӣ дар ин китоб тамоми касоене, ки нисбат ба Хулафои чаҳоргона бадбинад, ва ононро (қавлан ва амалан) озор медиҳанд, дӯзахӣ медонад:

Абӯбакри Сиддиқ шайхи атиқ

Ки буд рӯзу шаб Мустафоро рафиқ

Пас аз вай Умар буд, ки Қайсар ба Рум

Зи саҳмаш наёраст хуфтан ба Рум

Сийим (саввум) мири Усмон диндор буд

Ки шарму ҳаё зу падидор буд

Чаҳорум Алӣ ибни амми Расул

Сари шери мардону ҷуфти батул

Аз озори ин чор дилро битоб

Ки озорашон дӯзах орад ба тоб

Фирдавсӣ дар беш аз бист мавзеъ аз Шоҳнома, Султон Маҳмудро мадҳ кардааст ва ҳама медонанд, ки Султон Маҳмуд аз сунниёни мутаъассиб буда, бино бар ин агар Фирдавсӣ суннӣ намебуд, Султон Маҳмуди суннии мутаъссибро ин ҳама дар Шоҳнома мадҳ намекард.

Ҳар чанд дар мавриди мулоқоти Фирдавсӣ бо Султон Маҳмуд тардид аст, аммо агар бипазирем, ки чунин мулоқоте сурати гирифтааст, ин ривояти (тазкиратуш-шуъарои Давлатшоҳи Самарқандӣ) ба суннӣ будани Фирдавсӣ сиҳат мегузорад ва Фирдавсиро фармуд, то ба назми Шоҳнома қиём намояд. Гӯянд, ки ӯро дар саро бустони хоси худ фармуд, то ҳуҷрае маскан доданд ва мушоҳира ва ваҷҳи маъош муқаррар карданд ва муддати чаҳор сол дар хиттаи Ғазнин ба назми Шохнома машғул буд... ва Султон гоҳ гоҳ ӯро навозиш ва тафаққуд мефармуд ва илтифот ба Иёз, ки аз хосони Султон буд,  намекард. Иёз аз ин тофта шуд ва аз рӯи муъодот (душманӣ) дар маҷлиси хос ба ъарзи Султон расонд, ки Фирдавсӣ рофизӣ аст ва Султон Маҳмуд дар дину мазҳаб ба ғоят салб (сахт) буд  ва дар назари ӯ ҳеҷ тоъифае душмантар аз рофиза набудаанд. Хотири Султон аз ин сабаб бар Фирдавсӣ мутағайир шуд. Рӯзе ӯро талаб фармуд аз рӯи итоб ба ӯ гуфт: Ту қирмитӣ будаӣ? бифармоям то туро дар зери пои фулон ҳалок кунанд, то ҷамъи Қаромитаро ибрат бошад». Фирдавсӣ филҳол дар пои Султон афтод, ки ман қирмитӣ нестам, балки Аҳли суннат ва ҷамоъатам ва бар ман ифтиро кардаанд. (Тазкиратул-алшуъаро, Давлатшоҳи Самарқандӣ, чопи Муҳаммад Ибодӣ).

Илова бар ин  он чӣ зикр шуд, бисёре аз муҳаққиқони шиамазҳаб, шиа будани Фирдавсиро сароҳатан рад кардаанд, чуноне, ки дуктур  Ҷаъфари Лангарудӣ дар китоби (рози бақои Ирон дар сухани Фирдавсӣ) муътақид аст, ки Фирдавсӣ шиамазҳаб нест, аммо эътиқоди муфрит (аз ҳад зиёд) ба Аҳли байт дорад. (рӯзномаи эътимод 26/85/2).

Ва низ Муҳаммад Алӣ Исломии Надуш дар китоби (чаҳор сухангӯи виҷдони Ирор) менависад: «Дар бораи мазҳаби Фирдавсӣ баҳси зиёде сурат гирифтааст, ӯро мансуб ба Шаи дувоздаҳимомӣ, Зайдӣ ва саранҷом Ҳафтимомӣ донистаанд, ки ҳеҷ як далели мутқине ба ҳамроҳ надорад. Ин баҳс нашъат гирифта аз абёти оғозини Шоҳнома аст, ки ба назар мерасад, ки дар онҳо дастбурди зиёде роҳ ёфтааст, аз маҷмуъаи Шоҳнома чунин бармеояд, ки Фирдавсӣ бар фарози фирқаҳо ҳаракат мекардааст». (чаҳор сухангӯи виҷдоин Ирон, Муҳаммад Алии Ислом Надӯш).

Аммо дар мавриди ашъоре, ки Фирдавсӣ дар васфи ҳазрати Алӣ (р) сурудааст, бояд гуфт: сурудан ин ашъор ҳам далели дигар бар суннӣ будани Фирдавсист, зеро Аҳли суннат ва ҷамоъат, муҳаббати Оли байти Расули Худоро аз воҷибот мешуморанд ва то ба ҳол ҳеҷ суннимазҳабе дида ба ҷаҳон нагушуда, магар ин, ки муҳаббати Ол ва Асҳоби Расули гиромии Ислом дар хуну гушт ва пусти ӯ аҷин будааст.

Имом Муҳамад Идриси  Шофеъӣ (р), ки яке аз айммаи чаҳоргонаи Аҳли сунннат аст, дар мавриди муҳаббати Аҳли байт чунин менависад:

يا اهل بيت رسول الله حبکم       فرض من الله في القرآن أنزله
کفاکم من عظيم القدر أنکم        من لم يصل عليکم لا صلوة له
)ديوان امام شافعي(

Ва низ шоироне, монанди Мавлоно, Саъдӣ ва ғайра, ки дар суннӣ будани онҳо ҳеҷ шакке нест, ашъори зиёде дар васфи Аҳли байт сурудаанд:

Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ месарояд:

Аз Алӣ омӯз ихлоси амал

Шеъри Ҳақро дон муназзаҳ аз дағал (Маснавӣ -162).

Ва низ мегӯяд:

Гуфт Пайғамбар Алиро к-ой Алӣ

Шери Ҳаққӣ паҳлавонӣ пурдилӣ (Маснавӣ 132).

Саъдӣ мефармояд:

Худоё! ба ҳаққи бани Фотима

Ки бар қавли имон кунанд хотима (Куллиёти Саъдӣ).

Ва аммо ин матлаб, ки оё Султон Маҳмуд ба хотири шиа будани Фирдавсӣ бар ӯ хашм кардааст ва вайро аз диёраш рондааст, бояд гуфт: Ҳамонгуна, ки қаблан гуфтем, манбаъи ин сухан «чаҳор мақолаи арӯзӣ»и Самарқандист. Ин китоб аз назари таърихӣ фоқидулэътибор аст ва аксари ҳикоёти он сохта ва ҷаълӣ мебошад. Соҳиби китоби «Фирдавсӣ ва шеъри ӯ» дар мавриди «чаҳор мақолаи арӯзӣ» чунин менависад:  Дар он мақола як иншо ва иборатпардозист ва аз лиҳози таърихи эътибор надорад ва бадон истинод наметавон кард. Шояд ҳеҷ ҳикояте аз ҳикоёти он набошад, ки аз хабта ва хато ва саҳву иштибоҳ ва ҳатто сохтагӣ холӣ бошад. (Фирдавсӣ ва шеъри ӯ).

Илова бар ин аксари муҳаққиқон илали дигаре бар ғазаби Султон Маҳмуд нисбат ба Фирдавсӣ баён кардаанд, ки баъзе онон иборатанд аз:

1.                  Таърихи Сиистон, ки ба иттифоқ муътабартарин ва муҳимтарин маъхази шарҳи ҳоли Фирдавсист, ва фақат чаҳоряки қарн ё камтар аз аҳди Фирдавсӣ ба нигориш даромадааст, мулоқоти Фирдавсӣ бо Султон Маҳмудро чунин баён мекунад: «Ва ҳадиси Рустам бар он ҷумла аст, ки Булқасам Фирдавсӣ Шоҳнома ба шеър кард ва бар номи Султон Маҳмуд кард ва чандин рӯз ҳаме бархонд. Маҳмуд гуфт: Ҳамаи Шоҳнома худ ҳеҷ  нест, магар ҳадиси  Рустам ва андар сипоҳи ман  ҳазор мард чун Рустам ҳаст. Булқосим гуфт: зиндагии худованд дароз бод, надонам андар сипоҳи ӯ чанд мард чун Рустам бошад, аммо ин донам, ки Худои таъоло хештанро ҳеҷ банда чун Рустами дигар наёфарид, ин бигуфт ва замин бӯса кард ва рафт.

Малик Маҳмуд вазирро гуфт, ки мардак маро ба таъризи дуруғ зан хонд! Вазираш гуфт: бибояд кушт! Ҳар чанд талаб карданд, наёфтанд. Чун бигуфт ва ранҷи хеш зоэъ кард ва рафт, ҳеҷ атое наёфта, то бар ғурбат фармон ёфт». (Таърихи Сиистон, ба тасҳеҳи маликушшуъаро Баҳор).

2.                  Абӯлъаббос Фазл Аҳмад аз вазорат афтод ва Аҳмад бин Ҳусайни Маймандӣ вазири Султон шуд ва аз ин, ки номи вазири пеш дар ин китоб бурда шудааст, ғазабнок гардид.

3.                  Бузургону шоҳони қадим дар Шоҳнома сутуда шудаанд ва Султон Маҳмуд, ки бандазода буд, (надонист номи бузургон шунавад) ва...

Ба ҳар ҳол, далоил ва бароҳини суннимазҳаб будани Фирдавсӣ возеҳтар аз он аст, ки битавон ӯро ба дигар мазоҳиб нисбат дод.

 

    

 

 

Reader Count
1385

Bookmark and Share              Balatarin
 
 
Name:
Comment Body: 
 
      
 
 
 
 
Unsubscribe
Subscribe